Warning: preg_match_all(): Compilation failed: quantifier does not follow a repeatable item at offset 31 in /www/wwwroot/qalamonline.net/wp-content/plugins/seo-by-rank-math/includes/replace-variables/class-post-variables.php on line 543

"Ҳуқуқи башар???" - Чӣ ҳаст? - Qalamonlain

“Ҳуқуқи башар???” – Чӣ ҳаст?

Таҳлили хабарӣ
“Ҳуқуқи башар???” – Чӣ ҳаст?
Ёддоште аз Сайидюнус Истарашанӣ
“Кашидагӣ”
Ин таъбир – яъне таъбири “кашидагӣ” – ҳатман ба гӯшатон хӯрда ва медонед, ки ба чӣ маъност. Бародари азизамон, ҷаноби Додоҷон Атовуллоев ин таъбирро бисёр ба кор мебарад. Имшаб, пеш аз хоб, нуктаеро мехоҳам барои азизон баён бидорам. Ва он ин аст:
Имрӯзҳо ва дар сояи ин ҷанги хонумонсӯзе, ки дар Ғазза воқеъ аст ва саҳюнистҳо бо камоли бераҳмӣ одам мекушанд; на кӯдак мешиносанд ва на зан, на куҳансол мешиносанд ва на тифл, яксара ҳамаро қатли омм мекунанд ва Ғаззаро дар зарфи як ҳафта, чунон бомбборон кардаанд, ки нозиҳои фошист зарфи 4 сол Ленингарди Шӯравиро ба ин андоза бомбборон накардаанд ва то ин лаҳза аз тамоми силоҳҳои мамнӯъа аз ҷумла фосфори сафед дар ҳамалоти худ истифода кардаанд, ин кӯдаккушҳо дар ин иқдомҳояшон, хотирашон ҷамъ аст.
Бале, онҳо аз ноҳияи кишварҳои ҷаҳон ба хусус абарқудратҳо ва ҳамчунин аз ноҳияи рӯзноманигорони машҳур ва матраҳ, сиёсатмадорон, фаъолони маданӣ ва ғайраву ҳоказо, хотирашон ҷамъи ҷамъ аст ва аҳаде аз инҳо на танҳо аз Исроил интиқод намекунад, ки баръакс ташвиқ ҳам мекунад, ки ҳар чи дилат мехоҳад – эй Исроил! – бо инҳо бикун! Забони ҳолашон ҳамин аст!
Зеро, саҳюнистҳо аз замоне, ки тавонистанд барои худ кишвари ҷаълии “Исроил”-ро таъсис кунанд, дар як чиз муваффақ шудаанд ва инро бояд эътироф кунем. Ва он ин ки саҳюнистҳо тавонистанд ин номбурдаҳоро аз ҳокиму сиёсатмадору фаъоли ҳуқуқи башару ҳоказоро ҳамаро истеҳмор кунанд, яъне бо арзи пӯзиш, хар кунанд. Тараф, агар ба ӯ бигӯед, ту истеҳморӣ, қабул намекунад, мегӯяд, ту тавтиапиндорӣ, вале ҳақиқат ин аст, ки саҳюнистҳо хараш кардаанд. Ҳамин ки барои саҳюнист ин ҳақро медиҳад, ки бикушад, ин истеҳмор аст! Ҳоло чӣ гуна тавониста, ин худаш як мақолаи ҷудо мехоҳад ва феълан намехоҳам вориди он шавам.
Ин истеҳморшудаҳо ба ҳадде хар шудаанд, ки чашмашон ин ҳама фоҷеъаро намебинад ё ин ки бинад ҳам, тавҷеҳ мекунанд. Истеҳмор ҳамин аст. Инҳо ба хотири “Исроил”, ҳама чизро ба қавли акои Додоҷон, “кашидагӣ”; на ҳуқуқи башарро мешиносанд, на барои қонунҳои байналмилалӣ эҳтиром қоиланд, на афкори умумӣ ва ин ки ҷаҳониён эътироз мекунанд, ҳамаи инро “кашидаанд”.
Ҳуқуқи башар?! Ҳуқуқи башар чанд кело буд?! Ҳуқуқи башар ва қонунҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ, ин чизҳо, барои нотавонҳо ва заъифҳо аст, на “Исроил”. Пойи “Исроил, ки омад, ба ҳамаи ин чизҳо туф мекунанд! Аммо мову шумо ба ин шиорҳо боварамон шудааст; боварамон шуда, ки инҳо ҳомии ҳуқуқи башаранд! На! Оё далеле возеҳтар бар ин аз он чи имрӯзҳо дар Ғазза воқеъ аст вуҷуд дорад?!
Бинобар ин, бояд қавӣ буд, бояд зӯр буд. Дунё ҳамин аст; фақат барои зӯр эҳтиром қоил аст.
Фаластиниҳо аммо, зӯранд ва Худоро шукр қавӣ ҳастанд. Инҳо, ки мебинед, бале сахтиҳо дорад, мурдан дорад, мусибатҳо дорад, аз даст додани азизон дорад… Инҳо ҳаст, вале дар муқобил, ту азизӣ! Сарат пеши қулдур хам нест. Инҳо, ки мебинем, тоза аввали кор аст. Дар оғози набарди Ансоруллоҳ (Ҳусиҳо) низ ҳамин ҳарфҳоро, ки имрӯз вуҷуд дорад медидем, вале дар ниҳоят бинии Оли Саудро ба замин молиданд. Ирода ҳамин аст. Ирода вақте доштӣ, бар ҳама чиз пирӯзӣ!
Саломат бошед!
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

Бемористони Маъмадонӣ дигар захмӣ надорад…
Шаҳодати 14 нафар аз аҳли хонаводаи Исмоил Ҳаниа

Матолиби пурбоздид