Ӯ мисли ҷаддаш буд

Таҳлили хабарӣ

Ӯ мисли ҷаддаш буд

Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ

Аввал як муқаддимае арз кунам, сипас асли матлабро баён хоҳам кард.

Муқаддима ин аст: ҷойгоҳе, ки имрӯз ҳазрати Алӣ дар миёни мусалмонон дорад, оё фикр мекунед, дар замони худи ӯ ва пас аз шаҳодаташ то ҳудуди сад сол баъд, ба ҳамин сурат буд?

Имрӯз шумо мусалмонеро дар дунё суроғ надоред, ки Алиро кофир бидонад ё масалан нисбат ба ӯ баду бероҳ бигӯяд, балки баръакс, имрӯз, Алӣ дар назди ҷамиъи мусалмонон, шиъа ва сунниаш, сӯфӣ ва салафиаш ва хулоса ҳамаи онҳо, аз як қадосат ва ҷойгоҳи хоссе бархӯрдор аст.

Аммо дар замони ҳаёташ, мусалмононе буданд, ки ӯро кофир мепиндоштанд ва мусалмонаш намедонистанд, ба ҳадде, ки бо ӯ ҷангиданд. Ва аҷибаш он, ки дар роҳи Худо ва барои ризо ва хушнудии Худо бо ӯ ҷангиданд. Гумон мекарданд, ки ҷангидан бо Алӣ, биҳиштро насибашон месозад. Қотилаш Абдурраҳмон ибни Мулҷам, замоне, ки бар фарқи мубораки Алӣ бо шамшер зад – дар 17 ё 19 моҳи мубораки Рамазон – вақте аз ӯ пурсиданд, ки чаро чунин кардӣ, ҷавоб дод, ки бо куштани Алӣ, шак надорам, ки Худо биҳиштро насибам мекунад, зеро ман дар беҳтарин замон (17 ё 19 моҳи Рамазон) тавонистам бадтарин душмани Худоро бикушам!

Муовия, саббу дашноми Алиро ба унвони як кори “савоб” роиҷ сохт ва дастуре омм содир кард, ки ҳамаи имомони ҷумъа, дар намози ҷумъа ва аз болои минбарҳои масоҷид ва дар тамоми қаламрави исломӣ, Алиро саббу лаън кунанд. Баъзе аз саҳоба аз чунин коре сарпечӣ карданд. Муслим дар Саҳеҳи худ ривоят мекунад:

أَمَرَ مُعَاوِيَةُ بْنُ أَبِي سُفْيَانَ سَعْدًا فَقَالَ: مَا مَنَعَكَ أَنْ تَسُبَّ أَبَا التراب؟ فقال: أما ذَكَرْتُ ثَلَاثًا قَالَهُنَّ لَهُ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، فَلَنْ أَسُبَّهُ. لَأَنْ تَكُونَ لِي وَاحِدَةٌ مِنْهُنَّ أَحَبُّ إِلَيَّ مِنْ حُمْرِ النَّعَمِ

“Муовия ибни Абӯсуфён ба Саъд ибни Абваққос дастур дод ва аз ӯ пурсид: чӣ чизе боис гардид, ки Алиро дашном надиҳӣ? Саъд гуфт: ба хотири он ки се фазилат аз Расули Худо (с) дар шаъни Алӣ шунидаам, ки бо таваҷҷӯҳ ба онҳо, ҳеч гоҳ ба саббу дашноми ӯ иқдом намекунам; фазоиле, ки агар яке аз онҳо барои ман буд, беҳтар ва арзандатар аз шутурони сурхмӯ буд, ки дар ихтиёри ман бошад…” (Саҳеҳ Муслим, 4/371, Ашшомила)

Баъзе аз шореҳони ҳадис ва касоне, ки ба Муовия муҳаббат доранд, барои ин ки домани Муовияро аз ин кори нанг поку мубарро карда бошанд, ривояти мазкурро тавҷеҳ намудаанд, ғофил аз ин ки маҳол аст воқеияте ба ин равшаниро инкор кард. Аз ин рӯст, ки хеле аз уламо ҳастанд, ки чорае надоштанд ҷуз ин ки ба ин воқеияти талх эътироф кунанд.

Ба унвони мисол, Ибни Моҷа дар Сунани худ бо санад ҳадиси мазкурро ба ин сурат нақл кардааст:

قَدِمَ مُعَاوِيَةُ فِي بَعْضِ حَجَّاتِهِ، فَدَخَلَ عَلَيْهِ سَعْدٌ، فَذَكَرُوا عَلِيًّا، فَنَالَ مِنْهُ، فَغَضِبَ سَعْدٌ، وَقَالَ: تَقُولُ هَذَا لِرَجُلٍ سَمِعْتُ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ: مَنْ كُنْتُ مَوْلَاهُ فَعَلِيٌّ مَوْلَاهُ، وَسَمِعْتُهُ يَقُولُ: أَنْتَ مِنِّي بِمَنْزِلَةِ هَارُونَ مِنْ مُوسَى، إِلَّا أَنَّهُ لَا نَبِيَّ بَعْدِي، وَسَمِعْتُهُ يَقُولُ: لَأُعْطِيَنَّ الرَّايَةَ الْيَوْمَ رَجُلًا يُحِبُّ اللَّهَ وَرَسُولَهُ

“Муовия дар яке аз сафарҳои ҳаҷҷи худ, (ба Макка) омад ва Саъд ибни Абӯваққос бар ӯ дохил шуд, он гоҳ аз Алӣ ёдовар шуданд ва Муовия Алиро дашном дод ва Саъд ба хашм омад ва гуфт: ту нисбат ба касе ин ҳарфҳоро мегӯӣ, ки аз Паёмбар (с) шунидаам, ки мефармуд: “Ҳар ки ман мавлои ӯ ҳастам, пас Алӣ мавлои ӯст” ва шунидаам, ки (хитоб ба Алӣ) мефармуд: “Ҷойгоҳи ту нисбат ба ман, ҷойгоҳи Ҳорун ба Мӯсост ҷуз ин ки баъд аз ман дигар паёмбаре нахоҳад омад” ва шунидаам, ки мегуфт: “Ҳар ойина имрӯз ин парчамро ба касе медиҳам, ки Худо ва паёмбараш ӯро дӯст доранд?..” (Сунани ибни Моҷа, 1/45, Ашшомила. Ҳадиспажӯҳон аз ҷумла Носируддини Албонӣ ин ҳадисро саҳеҳ донистаанд.)

Ва ё Ибни Касир дар “Ал-бидоя ван-ниҳоя” моҷарои номбурдаро ба ин сурат нақл мекунад:

لما حج معاوية أخذ بيد سعد بن أبى وقاص فقال يا أبا إسحاق إنا قوم قد أجفانا هذا الغزو عن الحج حتى كدنا أن ننسى بعض سننه فطف نطف بطوافك، قال: فلما فرغ أدخله دار الندوة فأجلسه معه على سريره ثم ذكر على بن أبى طالب فوقع فيه فقال: أدخلتنى دارك وأجلستنى على سريرك ثم وقعت في على تشتمه؟ والله لأن يكون فىّ إحدى خلاله الثلاث أحب إلى من أن يكون لي ما طلعت عليه الشمس

“Муовия вақте маросими ҳаҷро анҷом дод, аз дасти Саъд ибни Абивақққос гирифт ва гуфт: Абӯисҳоқ! Даргириҳо ва ҷанг монеъ аз зиёрати хонаи Худо шудааст ба гунае, ки баъзе аз суннатҳои онро фаромӯш кардаам, ту тавоф кун, то пушти сарат мо ҳам тавоф кунем. Пас аз поёни тавоф, дар Доруннадва нишаст ва Саъдро канори худ нишонд ва шурӯъ кард ба дашноми Алӣ ибни Абӯтолиб. Саъд гуфт: маро бо худат ҳамроҳ кардаӣ, то Алиро дашном бидиҳӣ? Ба Худо савганд, агар яке аз се имтиёзе, ки Алӣ дорад, ман доштам, беҳтар буд барои ман аз он чи ки дар кураи замин хуршед бар он метобад…” (Ал-бидоя ван-ниҳоя, 7/340, Ашшомила)

Алӣ Қорӣ дар “Мирқотул-мафотиҳ шарҳу мишкотил-масобиҳ” менависад:

أَمَرَ مُعَاوِيَةُ سَعْدًا أَنْ يَسُبَّ أَبَا تُرَابٍ فَقَالَ: أَمَا مَا ذَكَرْتُ ثَلَاثًا قَالَهُنَّ رَسُولُ اللَّهِ – صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ – فَلَنْ أَسُبَّهُ لِأَنْ يَكُونَ فِي وَاحِدَةٍ مِنْهُنَّ أَحَبُّ إِلَيَّ مِنْ حُمُرِ النَّعَمِ

“Муовия ба Саъд ибни Абӯваққос дастур дод, ки Алиро дашном диҳад. Саъд (аз ин кор сарпечӣ кард ва) гуфт: се хислат аз Расули Худо (с) дар шаъни Алӣ шунидам, ки бо таваҷҷӯҳ ба онҳо, ҳеч гоҳ ба саббу дашноми вай иқдом намекунам, ки агар яке аз онҳо барои ман буд, беҳтар ва арзандатар аз шутурони сурхмӯ буд, ки дар ихтиёри ман бошад…” (Мирқотул-мафотиҳ шарҳу мишкотил-масобиҳ, 9/962. Ашшомила)

Ва ин дар ҳолест, ки ба тасреҳи Расули Худо (с) саббу дашноми Алӣ, ин саббу дашноми худи Расули Худост. Аҳмад ибни Ҳанбал бо санад аз Ҷадалӣ ривоят мекунад:

قَالَ: دَخَلْتُ عَلَى أُمِّ سَلَمَةَ، فَقَالَتْ لِي: أَيُسَبُّ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فِيكُمْ؟ قُلْتُ: مَعَاذَ اللهِ، أَوْ سُبْحَانَ اللهِ، أَوْ كَلِمَةً نَحْوَهَا، قَالَتْ: سَمِعْتُ رَسُولَ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ: مَنْ سَبَّ عَلِيًّا، فَقَدْ سَبَّنِي

“Бар Умми Салама ворид шудам, ба ман гуфт: оё дар миёни шумо Расули Худо (с) саббу дашном мешавад? Гуфтам: паноҳ бар Худо!.. Умми Салама фармуд: аз Расули Худо (с) шунидам, ки мефармуд: “Ҳар кас Алиро саббу дашном кунад, дар ҳақиқат маро саббу дашном кардааст.” (Муснади Аҳмад, 44/329, Ашшомила)

* * *

Инак, матлаби аслӣ пас аз ин муқаддимаи аризу тавил:

Ва бо ин ки шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ ҳаргиз Алӣ нест ва ба гуфтаи худаш, хоки пойи ӯ нест, аммо ин мусаллам аст, ки дар асри мо, агар шумо як нафарро пайдо кунед, ки бинии саҳюнистҳоро ба хок молида ва падари онҳоро ба истилоҳ, даровардааст, ӯ касе нест ҷуз Сайидҳасан Насруллоҳ. Дӯсту душман ба ин эътироф мекунанд. Дар яку ним соли пеш, замоне, ки саҳюнистҳо вориди Ғазза шуданд, касе, ки дар канори фаластиниҳо истод ва дар роҳи ҳимоят аз Фаластин ва Қудси шариф саранҷом ҷони шарифи худро аз даст дод, ин Сайидҳасан Насруллоҳ буд.

Бо ин ҳама аммо ҳарфҳое нисбат ба ӯ заданд – худи мусалмонон қабл аз саҳюнистҳо – ва баду бероҳҳое, ки ба он шаҳид гуфтанд – ва ҳанӯз ҳам мутаассифона мегӯянд – ки шабеҳи ин ҳарфҳо ва ин ҳаҷмаҳо ва ин баду бероҳ гуфтанҳоро ҷуз дар мавриди ҷадди Сайидҳасан, яъне ҳазрати Алӣ ибни Абӯтолиб наметавон пайдо кард.

Ҳамин алъон ҳастанд дар миёни мусалмонон афроде, ки – тоза, иддаъои илм ҳам доранд – ки вақте бихоҳанд аз Сайидҳасан Насруллоҳ ном бибаранд, ба ҷойи лафзи ҷалолаи “Аллоҳ”, калимаи бисёр шанеъ ва зиштеро менависанд. Дар миёни тоҷикони худамон, ки шак надорам дар ҳоли хондани ин ёддошт аст. Ва ин кори нописанди амсоли ӯ ҳеч далеле надорад ҷуз ин ки шаҳид Сайидҳасан шиъа буд, дигар ҳеч далеле надорад. Яъне он чи ин ҷамоатро водор ба ин кори зишту шанеъ сохтааст чизе ҷуз мазҳабу маслаки тараф нест. Ин аст масалан инсофи ин ҷамоат!

Бале, дар асри мо бе ҳеч тардид, шумо касеро дар садоқат, дар самимият, дар ихлос ва куллан дар ҳамаи сифоти башарӣ, наметавонед мисли ин сайид пайдо кунед. Банда, Худоро шукр мегӯям, ки тавонистаам ин шаҳидро аз наздик зиёрат кунам. Сайидҳасан ба дасти шақитарин афроди рӯйи замин яъне саҳюнистҳо ва ба дастури шахси Натонёҳу бо 85 тонн бомб шаҳид гашт.

Фардо (якшанбе, 23 феврал) ташйеъи пайкари мутаҳҳар ва поки ин сайиди ҷалил аст. Тибқи ахбори расонаҳо, 79 ҳайати расмӣ ва мардумӣ аз тамоми ҷаҳон барои ташйеъи ҷанозаи он шаҳид ба Бейрут омадаанд. Таассуф мехӯрам, ки натавонистам дар ин маросим худамро бирасонам.

Худоё! Шафоати он сайиди азизро бароямон насиб созӣ!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мардум фақат чизеро, ки мехоҳанд, мешунаванд
Хирадманд ва аблаҳ

Матолиби пурбоздид