Диктотурҳо чунин ҳастанд: “Ман бимирам, дунё мемирад!”
Ёддоште аз Бежани Аштарӣ дар нашрияи Диплумосии эронӣ – Irdiplomacy
Диктотурҳо аз мардум мутанаффиранд ва ҳар чи ба поёни умрашон наздик мешаванд, бар ин нафрат афзуда мешавад. Ба қавли Михаил Шишкин, (равшанфикри мухолифи Путин), зеҳнияташон ин аст, ки “агар ман аз дунё биравам, дунё ҳам бояд ҳамроҳи ман аз байн биравад.”
Намунаҳои таърихӣ фаровон аст. Мао Тсэдун, раҳбари Чини кумунист, ба қавли Ҷон Ҳоллидей, зиндагиноманависаш, “сари сӯзане ба он чи пас аз маргаш рух медод, аҳаммияте намедод.” Ӯ, ки маргашро наздик медид, ба сарони режими худаш гуфт: “Пас аз марги ман, ошӯбе бузург барпо хоҳад шуд, боронҳои хун боридан хоҳад гирифт, фазо бӯйи хун хоҳад гирифт… ва чӣ иттифоқе барои шумо хоҳад афтод, фақат Худо медонад… Дар ғиёби ман, шумо ҳамчун баччагурбаҳои кӯр, зери пойи мардум леҳ хоҳед шуд.”
Мао, бо ин ки аз марги қарибулвуқӯъи худ огоҳ буд ва фурсати кофӣ барои муаррифии ҷонишинаш дошт, аммо ҳаргиз ин корро накард, ту гӯӣ барояш муҳим набуд баъд аз мурданаш чӣ бар сари мардум ва кишвараш меояд. Ӯ ба атрофиёнаш, ки нигарон буданд пас аз марги вай чӣ касе раҳбари кишвар хоҳад шуд, гуфт: “Баъд аз ин ки ман мурдам, гӯ тӯфони Нӯҳ биёяд.”
Адолф Ҳитлер, диктотури Олмон, бино ба навиштаи Ҷон Толанд, дар рӯзҳои поёни умраш дар паноҳгоҳи зеризаминии худ дар Берлин, мавқеъе, ки аз шикасти қатъии артиши Олмон ва пирӯзии нерӯҳои Муттафиқин дар ҷанг итминон пайдо кард, ба вазири таслеҳот ва дӯсти наздикаш, Алберт Шпеер дастур дод, ки сиёсати “замини сӯхта”-ро фавран иҷро кунад. Шпеер бо ин дастури Ҳитлер мухолифат кард ва дар номае ба ӯ навишт: “Сиёсати вайрон кардани пулҳо, саддҳо, корхонаҳо, бо ин истидлол, ки мабодо ба дасти душман биафтад, сиёсати дурусте нест.” Ҳитлер пас аз хондани ин нома, Шпеерро эҳзор кард ва бо лаҳне сард ба ӯ гуфт: “Агар ҷангро бибозем, мардумро ҳам бохтаем. Ҳеч лозим нест шумо нигарони ниёзҳои аввалияи мардуми Олмон бошед. Баръакс, беҳтарин коре, ки метавонем бикунем ин аст, ки ҳатто ҳамин чизҳо (пулҳо, корхонаҳо ва саддҳо)-ро ҳам нобуд кунем, зеро ин миллат собит карда, ки заъифтарин аст ва лиёқати ҳеч чизеро надорад. Хубони ин миллат то кунун кушта шудаанд ва онҳое, ки зинда мондаанд, ҷумлагӣ мавҷудоте паст ҳастанд.”
Irdiplomacy
Қаламонлайн