Масъуд, девори каҷ ва фатҳи Самарқанду Бухоро…

Таърих
Масъуд, девори каҷ ва фатҳи Самарқанду Бухоро…
Дар замони муқовимат Аҳмад Шоҳ Масъуд мехоҳад дар зодгоҳаш деҳаи Ҷангалак хонае бисозад. Дар атрофаш наздиконашу ҳамрохонаш ба ҳайси маслиҳатгар арзи зуҳур мекунанд. Гурӯҳе аз мушовирон мегӯянд, чй зарур хона сохтанд. Масъуд мегӯяд, ман бошам ё набошам фарзандонам бояд хонае дошта бошанд. Ниҳоят гурӯҳи дигари мушовирон машварат медиҳанд, ки ҳамсояаш амук (амак)-и Яқубаш, ки бо замини ӯ ҳамшафат аст, девори умумии каҷеро дорад. Ва агар бо хонуми амуки Яқуби раҳматй, ки ҳама ӯро янга мегуфтанд, ин мавзуъро дуруст намоянд, девори умумй мустақим, яъне рост мешавад, аммо янга аз баҳри коҳдонаш, ки дар ҳамон каҷии девор рост меояд, бояд бигзарад.
Наздикони Масъуд барои бо янга музокира кардан ба наздаш амуки Қуддусро ба ҳайси вакили Масъуд мефиристанд.
Вақте ки амуки Қуддус масъаларо ба янга мефаҳмонад, бевазани амуки Яқубаш чунин мегуяд:
“Мо фикр мекардем, ки омир соҳиб (Аҳмад Шоҳ Масъуд) Самарқанду Бухороро фатҳ хоханд кард, дар ҳоле, ки ӯ чашмаш ба ҳамин як тута заминаки ман аст!”
Амуки Куддус аз ин гапи бевазан сурху сафед шуда, ханда мекунад ва ба назди Масъуд омада, онро қисса менамояд. Масъуд ҳам ханда мекунад ва ба муҳандиси тарроҳ дастур медихад, ки деворро каҷ эъмор намоянд.
Он девори каҷи ҳавлиаш ҳоло ҳам ҳаст. Он ёдгорй аз рафтори одилонаи Аҳмад Шоҳи Масъуд нисбат ба мардуми фақир ва бенавои мардумаш ҳанӯз побарҷост.
Манбаъ: Сафҳаи шахсии устод Равшани Темуриён дар Фейсбук
Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Вазири хориҷаи Исроил: “Эрон моро аз тасмими худ барои ҳамла ба Исроил огоҳ сохтааст”
Чаро Шайх Ҳасина бо вуҷуди пешрафти иқтисодӣ, бо хашму ғазаби мардум рӯ ба рӯ шуд?

Матолиби пурбоздид