Осиёи Миёна бар сари дуроҳӣ
Осиёи Миёна бар сари дуроҳӣ; интихоби шарқ ё ғарб
Хабари таҳлилӣ
Пас аз даргирии Русия ва Украина ва оғози бозии бузург дар Осиёи Миёна, кишварҳои ин минтақа дар шароите қарор гирифтаанд, ки миёни шарқ ва ғарб якеро интихоб намоянд.
Албатта дар сари ин дуроҳӣ, аммову агарҳои зиёде ҳам қарор гирифтааст.
Аз тарафе Русия аз тариқи кишварҳои Осиёи Миёна, дар ҳоли давр задани таҳримҳои ғарб аст. Бар асоси омору арқом, содироти кишварҳои Осиёи Миёна ба Русия, дар як соли ахир, афзоиши чашмгире доштааст. Ин дар ҳолест, ки Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико борҳо ба кишварҳои Осиёи Миёна ва кумак кардан ба Маскав дар давр задани таҳримҳо, ҳушдор дода ва таҳдид намудаанд, ин кишварҳоро ба листи таҳримҳо ворид хоҳанд намуд.
Агарчи ин кишварҳо иддао мекунанд, дар давр задани таҳримҳо ба Русия ҳеч кумаке накардаанд. Иддаое, ки Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо онро напазируфтаанд ва ба таври ҷиддӣ ба таҳдидҳои худ пофишорӣ мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки аз тарафи дигар, Иттиҳодияи Аврупо дар ҳоли талош барои ҷазби ин кишварҳо (Осиёи Миёна) ба самти худ аст.
Коршиносон бар ин назаранд, ки баъид аст, ки Иттиҳодияи Аврупо мустақиман таҳримҳоеро алайҳи кишварҳои Осиёи Миёна эъмол кунад, бинобар ин эҳтимол меравад, ғарб барои ҷилавгирӣ аз робитаҳои тиҷории Русия бо кишварҳои Осиёи Миёна ва давр задани таҳримҳо тавассути Маскав, дар паи таҳти фишор қарор додан ва эҷоди маҳдудият барои конолҳо ва масирҳои тиҷории Русия ва панҷ кишвари Осиёи Миёна бошад то ба ин васила, ба таври ғайримустақим, равобити тиҷории онҳоро коҳиш диҳад.
Тавре ки худи ғарбиён иддао кардаанд, Иттиҳодияи Аврупо дар таҳримҳои баъдии худ, дар паи маҳдуд кардани конолҳои тиҷории Русия ва Осиёи Миёна аст.
Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико борҳо ба ин мавзӯъ таъкид кардаанд, ки шарти ҳимояти онҳо аз кишварҳои Осиёи Миёна, даст бардоштани ин кишварҳо аз Русия аст; аммо ин кишварҳо равобити ногусастанӣ бо Русия доранд ва ба роҳатӣ тан ба дархости ғарб намедиҳанд.
Аз тарафе ин кишварҳо, ки ғолибан бо сиёсатҳои бетарафона ва дарҳои боз ҳаракат мекунанд, саъй бар ҳифзи он доранд ва барои ҳаракат дар масири тавсиа ва пешрафти худ, ба ҳар тараф эҳсоси ниёз мекунанд.
Ҳазфи ғарб ё шарқ ва даст бардоштан аз Русия ва ё Иттиҳодияи Аврупо, барои сиёсати кишварҳои Осиёи Миёна, ҳазинаҳои зиёдеро дар пай хоҳад дошт ва албатта аз назари коршиносон, ҷидоли ду блоки шарқ ва ғарб, барои тасаллути комил ба Осиёи Миёна бенатиҷа хоҳад буд ва дар натиҷа раҳбарии номутақоран дар мудирияти кишварҳои Осиёи Миёна ҳоким хоҳад шуд.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн