Оятуллоҳ Хоманаӣ: Пирӯзии мардуми Ғазза қатъист

Оятуллоҳ Хоманаӣ: Пирӯзии мардуми Ғазза қатъист

Ахбори байналмилал

Раҳбари Эрон: “Пирӯзии мардуми Ғазза қатъӣ аст”

 “Кишварҳои исломӣ бояд иртиботи сиёсӣ ва иқтисодии худ бо режими саҳюнистиро қатъ кунанд”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, субҳи имрӯз (23 январ) дар суханоне гуфт: “Он мавзӯе, ки дар ихтиёри масъулони кишварҳои исломӣ аст, қатъи шараёнҳои ҳаётӣ ба режими саҳюнистӣ аст; кишварҳои исломӣ бояд иртиботи сиёсӣ ва иқтисодии худро бо режими саҳюнистӣ қатъ кунанд ва ба ин режим кӯмак накунанд.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуд: “Бархе мавоқеъ мавзеъгириҳо ва изҳороти масъулони кишварҳои исломӣ иштибоҳ аст, зеро дар бораи мавзӯе ҳамчун оташбас дар Ғазза сӯҳбат мекунанд, ки аз ихтиёри онҳо хориҷ аст ва дар дасти душмани хабиси саҳюнистӣ аст, масъулони кишварҳои исломӣ бояд нисбат ба мавзӯъоте, ки дар ихтиёри онҳо аст, иқдом кунанд.”

Раҳбари Ҷ.И.Эрон таъкид кард: “Он мавзӯе, ки дар ихтиёри масъулони кишварҳои исломӣ аст, қатъи шарёнҳои ҳаётӣ ба режими саҳюнистӣ аст; кишварҳои исломӣ бояд иртиботи сиёсӣ ва иқтисодии худро бо режими саҳюнистӣ қатъ кунанд ва ба ин режим кӯмак накунанд.”

Вай хотирнишон кард: “Ба рағми амалкарди номуносиби масъулони кишварҳои исломӣ ва ба рағми ҳамаи сахтиҳо, ҳамон гуна, ки дар Қуръон омада, Худованд бо мардуми мӯъмин аст ва ҳар ҷо, ки Худо бошад, пирӯзӣ хоҳад буд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуд: “Пирӯзии мардуми Ғазза қатъӣ аст ва Худованди Мутаъол ин пирӯзиро дар ояндаи на чандон дур ба уммати исломӣ нишон хоҳад дод ва дилҳои мусалмонон ва дар раъси онҳо мардуми Фаластин ва Ғазза хурсанд ва хушҳол хоҳад шуд.”

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Рубоии зебое аз Зуфархон Ҷавҳарӣ
Ҳизбуллоҳ пойгоҳи ҳавоии Исроилро мушакборон кард

Матолиби пурбоздид