Рӯзе ба дарозои як қарн
“Манқурт” дар луғат дар асл “манқур” аст ва як вожаи арабӣ ва маънояш, “холикардашуда” ва “сӯрохкардашуда” аст. Албатта, ба маънои “кандакоришуда” ҳам омадааст.
Хуб, инаш муҳим нест. Муҳим он аст, ки Чингиз Айтматов, нависандаи машҳури қирғизӣ, ки Худо раҳматаш кунад, асаре офарида ба унвони “Рӯзе ба дарозои як қарн”. Як асари ҷовидон ва мондагор. Дар замони Шӯравӣ ҳам онро офарида. Айтматов дар ин асар, одамҳои “манқурт”-ро ба тасвир кашида ва ҳадафаш, баёни ин ҳақиқати талх аст, ки таблиғоти масмуму захролуд одамонеро дар ҷомеа ба бор меоварад, ки таҳти таъсири ин таблиғот, сиёҳро сафед ва сафедро сиёҳ мебинанд.
Шояд бархе аз ҷавонон ин асарро нахондаанд, тавсия мешавад, ки ҳатман бихонанд. Хулосаи он ин аст, ки жуанжуанҳо — ки дар воқеъ намоди мустабиддон ва мутаҷовизон аст — ҷавононеро ба асорат мегирифтанд ва мӯйи сари онҳоро покиза тарошида, ба сари онҳо пӯсти шутур мебастанд, ба гунае, ки ба пӯсти сарашон бичаспад ва мӯйи сари ҷавонон ба дохили сар фурӯ биравад, на ин ки боло бирӯяд. Он гоҳ ин ҷавонҳо ҳофизаи худро аз даст медоданд ва аз гузаштаи худ бурида мешуданд; аз падару модари худ бурида мешуданд ва аз таърихи худ бурида мешуданд ва танҳо ба ҳарфи касе гӯш медоданд, ки ононро ба ин ҳол дароварда, яъне ҳамон жуанжуанҳо, яъне дар воқеъ ба муште рубот табдил мегардиданд.
Чингиз Айтматов инҳоро “манқурт” номида, яъне касоне, ки беҳувият шудаанд.
Ин фароянд, яъне фароянди манқуртсозии ҷавонон тавассути жуанжуанҳо, дар воқеъ ҳамон таблиғоти масмуму заҳролуд аст, ки сиёҳро сафед, дӯстро душман ва хубро бад ҷилва медиҳад. Манқурт касест, ки дар зеҳни ӯ фақат чизҳое ворид шуда, ки жуанжуанҳо хостаанд ворид бишавад.
Қаламонлайн