Дунё теруристи воқеиро шинохт

Таҳлили хабарӣ

Дунё теруристи воқеиро шинохт

Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ

Яке аз самароти “Тӯфон ал-Ақсо”, бо вуҷуди шаҳодати наздик ба 40 ҳазор одами бегуноҳ, ки аксарашон кӯдак ва навзод ҳастанд, ки ҷигари одам аз он хун мешавад, аммо бо вуҷуди ин ҳама, аз самароти он яке ин аст, ки душманони қасамхӯрдаи ислом ва мусалмонон дар дунё аз ҷумла Тоҷикистони худамон мутаассифона, ки даҳаҳост дар бораи гурӯҳҳои исломӣ ва мусалмонон ва ҳатто дар бораи худи ислом вожаи терурист ва ифротӣ ва тундравро ба кор мегирифтанд ва тамоми расонаҳо тақрибан ҳарфашон ҳамин буд, вале бо ин ҳама, моҷарои ҷанги Ғазза нишон дод теруристи воқеӣ кист ва тундрав ва ифротии ҳақиқӣ чӣ касе будааст.

“Тӯфон ал-Ақсо” собит кард, ки теруристи воқеӣ ин режими саҳюнистӣ ва ҳомиёни ӯ – аз давлатҳое, ки ба даҳони пур аз ҳуқуқи башар мегӯянд, будаанд. Таърихи башар надида ва ҳатто аз золимтарин афрод нашунида, ки дар зарфи фақат 7 моҳ, ҳудуди 40 ҳазор одамро, ки бештарашон кӯдак ва навзод ҳастанд қатли ом карда бошанд. Аммо саҳюнистҳои хунхор ин корро карданд. Ин аст терурист!

Аммо бо ин ҳама, касоне, ки ҳамвора аз мусалмонон ва гурӯҳҳои исломӣ ба унвони терурист ёд мекунанд, инҳо бо вуҷуди он ки ҷиноятҳои саҳюнистҳо пеши чашмонашон воқеъ мешавад, вале ҳозир нестанд ҳатто як ҷумла дар бораи режими саҳюнистӣ ва ҷиноятҳояш бигӯянд. Оё аз ҳамон касоне, ки аз “ҷиноятҳои” Толибон мегуфтанд, дидед, ки ҳатто як ҳарф, бале ҳатто як ҳарфак, дар бораи ҷиноятҳои Исроил гуфта бошанд?! Ҳаргиз ва абадан!

Ҳатто ман дидам, касе, ки аз шайтонпараст будани худ ифтихор ҳам мекунад (аз тоҷикони худамон), бале ошкоро мегуфт, ман шайтонпараст ҳастам, зарфи ин чанд рӯз пушти сари ҳам дар бораи гурӯҳҳои исломӣ менависад, ки онҳо терурист ҳастанд ва аз давлати Раҳмон хоста, ки онҳоро қалъу қамъ кунад, аммо ҳамин шайтонпараст ҳозир нест ҳатто як ҳарфи кучулу дар бораи ҷиноятҳои Исроил бинависад.

Саҳюнистҳо, худ ва ҳомиёни худро ингуна шарманда карданд!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

То ба кай…
Оятуллоҳ Хоманаӣ: Амрико даст аз ҳимояти Исроил мебардорад

Матолиби пурбоздид