Паҳподи украинӣ анбори нафти Русияро ба оташ кашид
Ахбори байналмилал
Рӯзи шанбе (29 апрели 2023) пас аз ҳамлаи паҳподи укроинӣ, оташсӯзии бузурге дар як анбори нафт дар Севастопол, бандари аслӣ дар баҳри Сиёҳ дар Қрим, ки дар ҳоли ҳозир таҳти контроли Русия аст, рух дод.
Михаил Развожаев, ки аз ҷониби Русия ба унвони фармондори шаҳри бандарии Севастопол дар Қрим гумошта шудааст, видеоҳо ва аксҳое аз ин оташсӯзиро дар канали телеграмми худ мунташир кардааст.
Мақомоти украинӣ ҳанӯз изҳори назаре дар мавриди ин оташсӯзӣ накарданд.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн