Омрико омили аслии ҷанги ахири Исроил ва Фаластин аст 

Таҳлили хабарӣ
Омрико омили аслии ҷанги ахири Исроил ва Фаластин аст 
Чӣ гуна се даҳа сиёсати Иёлоти Муттаҳида бо фоҷеа поён ёфт
Таҳлил
Мақолае таҳлилӣ аз Стивен М. Уолт дар нашрияи Foreign Policy
Ишора: Стивен М. Уолт пажӯҳишгари барҷаста дар мактаби реализм (воқеъгароӣ) дар равобити байналмилал аст. Давлатмардони омрикоӣ дидгоҳҳои ӯро хеле ҷиддӣ мегиранд ва аҳёнан бар асоси тавсияҳои ӯ гом бармедоранд. Дар моҷароҳое назири моҷарои 11 сентябр ва ё моҷароҳои дигари марбут ба Ховари Миёна, ҳамвора таҳлилҳои ӯро хондаам ва дар ҳамин нашрияи Foreign Policy, ки воқеъбинона ҳастанд. Аз таҳлилҳои ӯ зиёд истифода кардаам. Албатта, порае аз дидгоҳҳояш қобили қабул нестанд, лоақал барои банда (С.И.)
Инак, мақолаи Стивен М. Уолт:
“Дар ҳоле, ки исроилиҳо ва фаластиниён азодори кушташудагони худ ҳастанд ва бо тарс мунтазири шунидани ахбор дар бораи нопадидшудагон мебошанд, майл ба ҷустуҷӯи муқассир дар ин ҷанг, ки чӣ касе муқассир аст, барои бисёре ғайримумкин аст. Исроилиҳо ва ҳомиёни онон мехоҳанд ҳамаи тақсирро ба гардани Ҳамос биандозанд, ки масъулияти мустақим дар ҳамла ба Исроил доштааст. Касоне, ки бештар бо ормони Фаластин ҳамдардӣ мекунанд, ин фоҷеаро натиҷаи иҷтинобнопазири даҳаҳо ишғолгарӣ ва рафтори хашини тӯлонимуддати Исроил бо шаҳрвандони фаластинӣ медонанд. Дигарон мусиррона таъкид мекунанд, ки ҳар фарде, ки як тарафро комилан бегуноҳ қаламдод карда ва танҳо тарафи дигарро масъул бидонад, қудрати ҳар гуна қазоватро аз даст додааст. Ногузир баҳс бар сари ин ки кадом як муқассир ҳастанд, иллатҳои муҳимми дигареро, ки ба даргирии тӯлонӣ байни исроилиҳои саҳюнист ва арабҳои фаластинӣ муртабит ҳастанд, аз дида пинҳон нигаҳ медорад. Мо набояд омилҳои дигарро ҳатто дар тӯли бӯҳрони феълӣ нодида ангорем, зеро таъсири он омилҳо мумкин аст муддатҳо пас аз поёни ҷанги феълӣ миёни Исроил ва Ҳамос низ идома ёбанд.
Ман аз соли 1991 шурӯъ мекунам; замоне, ки Иёлоти Муттаҳида ба унвони қудрати хориҷии бидуни вуҷуди рақиби ҷиддӣ дар умури Ховари Миёна зоҳир шуд ва шурӯъ ба талош барои эҷоди назми минтақаӣ кард ба гунае, ки дар хидмати манофеъаш бошад.
Ҳоло панҷ эпизод ё рухдоди калидӣ вуҷуд доранд, ки ба мо кӯмак мекунанд, то ба рӯйдодҳои ғамангези ду ҳафтаи гузашта бирасем:
1) Аввалин эпизод, ҷанги халиҷи Форс дар соли 1991 ва паёмадҳои он буд: конфронси сулҳи Мадрид. Ҷанги халиҷи Форс намоиши хиракунандае аз қудрати низомӣ ва ҳунари диплумотики Иёлоти Муттаҳида буд, ки таҳдидеро, ки Саддом Ҳусайн барои мувозанаи қудрати минтақаӣ эҷод карда буд, аз байн бурд. Бо наздик шудан ба фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ (СССР), Иёлоти Муттаҳида дар он замон муҳкам бар рӯйи сандалии ронанда нишаста буд. Ҷурҷ Буши падар, раисиҷумҳури вақти Омрико, Ҷеймз Бейкер, вазири умури хориҷаи он кишвар ва як гурӯҳи ботаҷрибаи омрикоӣ дар ҳавзаи Ховари Миёна, аз фурсат истифода карда ва конфронси сулҳеро дар октябри 1991 баргузор карданд, ки шомили намояндагоне аз Исроил, Сурия, Лубнон, Миср, Ҷомеаи иқтисодии Урупо ва ҳайати муштараки Ӯрдун ва Фаластин мешуд.
Агарчӣ ин конфронс натоиҷи малмусе ба ҳамроҳ надошт – чӣ расад ба дастёбӣ ба тавофуқномаи сулҳи ниҳоӣ – аммо заминаро барои талоши ҷиддӣ ба манзури эҷоди як назми минтақаии сулҳомез фароҳам сохт. Агар Буши падар дар соли 1992 бори дигар дар интихобот пирӯз мешуд ва ба гурӯҳаш фурсати идомаи корашон дода шуда буд, он чи метавонист ба он даст ёбад, васвасаангез ба назар мерасид. Бо ин вуҷуд, конфронси Мадрид як нақси сарнавиштсоз даруни худ дошт; нақсе, ки базри мушкилоти ояндаро кошт. Нақси конфронс он буд, ки аз Эрон барои ширкат дар конфронс даъвате ба амал наёмад ва гурӯҳҳое монанди Ҳамос ва Чиҳоди Исломӣ низ нодида гирифта шуданд. Ҳамон тавр, ки Трито Порсӣ дар китоби худ “Иттиҳоди хиёнаткорона” ишора мекунад: “Эрон худро ба унвони як қудрати бузурги минтақаӣ медид ва интизор дошт соҳиби як курсӣ бар сари мизи музокара бошад, зеро конфронси Мадрид сирфан нишасте дар мавриди муноқашаи Исроил ва Фаластин қаламдод намешуд, балки лаҳзае таъйинкунанда дар шаклгирии назми ҷадиди Ховари Миёна буд”.
Посухи Теҳрон ба адами даъват дар оғоз стратегӣ буд, на идеологӣ. Эрон ба дунболи он буд, ки ба Омрико ва соири бозигарон нишон диҳад, ки агар манофеъи он кишвар дар назар гирифта нашавад, метавонад талошҳои онон барои эҷоди як назми навини минтақаиро аз масир хориҷ созад.
2) Дуввумин эпизоди муҳим, ҳамалоти теруристии 11 сентябри 2001 ва мутаъоқаби он, ҳамлаи Иёлоти Муттаҳида ба Ироқ дар соли 2003 буд. Давлати Буши писар бовар дошт, ки сарнагунии Саддом таҳдиди фарзии ношӣ аз таслеҳоти куштори ҷамъии Ироқро аз байн мебарад, қудрати Иёлоти Муттаҳидаро ба душманон ёдоварӣ мекунад ва ба таври густурдатар, ба теруризм зарба мезанад ва роҳро барои дигаргунии решаӣ дар кулли Ховари Миёна барои демукросӣ ҳамвор мекунад. Бо ин вуҷуд, мутаассифона он чи ҳосил шуд, як ботлоқи пурҳазина дар Ироқ ва беҳбуди чашмгири мавқеияти стратегии Эрон буд. Ин тағйири тавозуни қуво дар халиҷи Форс Арабистони Саудӣ ва дигар кишварҳои ҳошияи халиҷи Форсро нигарон сохт ва тасаввури таҳдиди муштарак аз сӯйи Эрон, равобити минтақаиро тағйир дод аз ҷумла аз тариқи тағйири равобити бархе кишварҳои арабӣ бо Исроил. Тарс аз “тағйири режим” ба раҳбарии Иёлоти Муттаҳида низ Эронро ташвиқ кард, то ба дунболи дастёбӣ ба тавоноии пинҳони сохти силоҳи ҳастаӣ бошад, ки мунҷар ба афзоиши мудовими зарфияти ғанисозӣ ва мувоҷеҳа бо таҳримҳои шадидтар аз сӯйи Иёлоти Муттаҳида ва Созмони Милал шуд.
3) Бо нигоҳе ба гузашта, севвумин эпизод, иқдомоти Омрико буд. Раҳо кардани сарнавиштсози Барҷом тавассути Тромп дар соли 2015 ва иттихози сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи Эрон, як тасмими аҳмақона буд, ки чандин асари ногуворро ба ҳамроҳ дошт: хуруҷ аз Барҷом ба Эрон иҷоза дод, то барномаи ҳастаии худро аз сар бигирад ва ба тавоноии воқеии таслеҳотӣ наздиктар шавад ва корзори фишори ҳаддиаксарии Эронро ба сӯйи иқдом алайҳи таъсисоти нафтӣ дар Арабистони Саудӣ ва соири манофеъи кишварҳои ҳавзаи халиҷи Форс савқ дод, то аз ин тариқ ба Омрико нишон диҳад, ки талошаш барои водор кардани Теҳрон ба пазириши хостаҳои Вошингтун ва ё талош барои соқит кардани ҳукумат дар Эрон, бидуни ҳазина ва бидуни хатар нахоҳад буд.
Ҳамон тавр, ки метавон интизор дошт, ин таҳаввулот нигаронии саудиҳо ва алоқаи ононро барои дастёбӣ ба зерсохтҳои ҳастаиро афзоиш дод. Ҳамон тавр, ки дар назарияи воқеъгароӣ дар арсаи равобити байналмилал пешбинӣ шуда, тасаввури таҳдиди фазоянда аз сӯйи Эрон шаклҳои ором, аммо қобили таваҷҷӯҳе аз ҳамкории амниятӣ байни Исроил ва чандин кишвари халиҷи Форсро ташвиқ кард.
4) Чаҳорумин эпизод, тавофуқи мавсум ба Иброҳим (Авраам) буд, ки ба навъе идомаи тасмими Тромп барои хуруҷ аз Барҷом қаламдод мешуд. Ин тавофуқнома, ки зоидаи фикри Ҷоред Кушнер, стратежисти тозакор ва домоди Тромп буд, маҷмӯае аз тавофуқҳои дуҷонибаро шомил мешуд, ки равобит байни Исроил ва Марокаш, Баҳрайн, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Судонро оддӣ месохт. Мунтақидон хотирнишон карданд, ки ин тавофуқҳо кӯмаки чандоне ба пешбурди сулҳ накарданд, зеро ҳеч як аз давлатҳои арабии ширкаткунанда дар он ба таври фаъол бо Исроил душманӣ надоштанд ё қодир ба осеб расондан ба он кишвар набуданд. Бархе дигар ҳушдор доданд, то замоне, ки сарнавишти 7 миллион фаластинӣ, ки таҳти контроли Исроил зиндагӣ мекунанд ҳал нашуда боқӣ бимонад, сулҳи минтақаӣ дар вазъияти мубҳам боқӣ хоҳад монд.
Давлати Бойден тақрибан ҳамин масирро идома дод ва ҳеч иқдоми маънодоре барои ҷилавгирӣ аз ҳимояти давлати ростгарои ифротии Исроил аз иқдомоти хушунатомези шаҳракнишинони ифротӣ, ки мунҷар ба афзоиши маргу мири фаластиниён ва оворагӣ дар ду соли гузашта шуд, анҷом надод. Бойден пас аз адами таҳаққуқи ваъдаи интихоботӣ мабнӣ бар пайвастани муҷаддади фаврӣ ба Барҷом, талошҳои аслии худро бар мутақоъид кардани Арабистони Саудӣ ба манзури оддисозии равобит бо Исроил дар изои дарёфти навъе тазмини амниятии Иёлоти Муттаҳида ва шояд дастрасӣ ба фанноварии пешрафтаи ҳастаӣ мутамаркиз кард. Ангезаи ин талош, иртиботи чандоне бо Исроил ва Фаластин надошт ва бештар ҳадафи он ҷилавгирӣ аз наздик шудани Арабистони Саудӣ ба Чин буд. Пайванд додани таъаҳҳуди амниятӣ ба Арабистони Саудӣ бо оддисозии робита дар ваҳлаи нахуст, роҳе барои ғалаба бар бемайлии Кунграи Иёлоти Муттаҳида ба тавофуқи дилпазир бо Риёз буд. Монанди Бенёмин Натонёҳу нахуствазири Исроил ва кобинаи ӯ мақомҳои аршади Иёлоти Муттаҳида зоҳиран тасаввур мекарданд, ки ҳеч гурӯҳи фаластиние наметавонад ин равандро аз масир хориҷ ё кунд созад ё таваҷҷӯҳро ба вазъияти асафноки худ ҷалб кунад. Мутаассифона ин тавофуқ ангезаи қудратманде ба Ҳамос дод, то нишон диҳад, ин фарз то чӣ андоза иштибоҳ будааст. Тасмими Ҳамос барои ҳамла ба Исроил ба вежа дар бораи замонбандии он, вокунише ба таҳаввулоти минтақаӣ буд, ки то ҳадди қобили таваҷҷӯҳе ношӣ аз нигарониҳои дигар будааст.
5) Эпизоди панҷум, як рӯйдоди воҳид нест, балки шикасти пойдори Иёлоти Муттаҳида дар ба поён расондани муваффақиятомези раванди ба истилоҳ сулҳ аст. Вошингтун аз замони тавофуқи Осло (ки ҳамон тавр, ки аз номи он пайдост, ба воситаи миёнҷигарии Норвегия ҳосил шуд) назорат бар раванди сулҳро дар инҳисори худ дароварда буд ва талошҳои мухталифи он дар тӯли солҳо дар ниҳоят ба ҷойе нарасид. Бил Клинтон, Ҷурҷ Буши писар ва Борок Убомо, руасои ҷумҳури собиқи Иёлоти Муттаҳида борҳо эълом карданд, ки Иёлоти Муттаҳида, қудратмандтарин кишвари ҷаҳон, дар тамоми даврони ба истилоҳ такқутбии худ, қоил ба эҷоди ду кишвар (Фаластин ва Исроил) аст, аммо натиҷа акнун дуртар аз ҳамеша ва эҳтимолан ғайримумкин аст.
Ин аносир пасзаминае муҳим ҳастанд, зеро моҳияти назми ҷаҳонии ояндаро қобили дарк месозанд: чандин давлати бонуфуз дар ҳоли ба чолиш кашидани назми мубтанӣ бар меъёрҳое, ки Иёлоти Муттаҳида барои даҳаҳои паёпай аз он дифоъ карда мебошанд. Чин, Русия, Ҳинд, Офриқои ҷанубӣ, Бразилия, Эрон ва дигар кишварҳо хостори назми чандқутбитар ҳастанд, ки дар он, қудрат ба таври мусовӣ тақсим мешавад. Онон мехоҳанд ҷаҳонеро бибинанд, ки дар он, Иёлоти Муттаҳида дигар ба унвони ба истилоҳ қудрати зарурӣ амал накунад ба унвони дунёе, ки дар он Омрико интизор дорад дигарон аз қонунҳои он пайравӣ кунанд ва дар айни ҳол ин ҳаққро барои худ маҳфуз медорад, ки ҳар замон, ки соири бозигаронро нохушоянд қаламдод кунад, ба онон таваҷҷӯҳе накунад.
Гурӯҳи Бойден дар ҳоли ҳозир дар садади мудирияти бӯҳроне аст, ки дастикам худ дар бахше аз эҷоди он саҳм доштааст. Гурӯҳи ӯ барои маҳдуд кардани хасорат, ҷилавгирӣ аз густариши даргирӣ, маҳори паёмадҳои сиёсии дохилӣ ва поён додан ба хушунат кор мекунанд. Ҳамаи мо бояд умедвор бошем, ки талоши онон ба натиҷа бирасад. Бо ин вуҷуд, ҳамон гуна, ки беш аз як сол пеш ишора кардам, гурӯҳи сиёсати хориҷии Бойден бештар ба манзилаи механикҳои моҳир ҳастанд на меъмор, он ҳам дар даврае, ки меъмории сиёсати ҷаҳонӣ ба таври физояндае як мавзӯъ аст ва ба тарҳҳои ҷадид ниёз аст. Аъзои гурӯҳи Бойден дар истифода аз абзори қудрати Иёлоти Муттаҳида ва дастгоҳи давлатӣ барои расидагӣ ба мушкилоти кӯтоҳмуддат моҳир ҳастанд, аммо дар ояндаи ҷойгоҳи ҷаҳонии Омрико гирифтор шудаанд, ки наҳваи бархӯрди ин кишвар бо муштариёни мухталифаш дар Ховари Миёнаро низ шомил мешавад. Он гурӯҳ дар дарки ин ки Ховари Миёна ба куҷо меравад, дучори хато шуда ва ҳатто агар часпи захмҳоро бо энержӣ ва маҳорат низ бар рӯйи захмҳои феълӣ қарор диҳанд, захмҳои заминаиро бидуни дармон раҳо мекунанд.
Ман нигарон ҳастам, ки агар натиҷаи ниҳоии талоши Бойден ва Блинкен вазири умури хориҷаи ӯ сирфан бозгашт ба вазъи мавҷуди пеш аз рухдоди 7 октябр бошад, соири нуқоти ҷаҳон ба он нигоҳ карда ва сари худро ба нишонаи нороҳатӣ ва норизоятӣ такон диҳанд.”
Foreign Policy
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Надорам
Диплумотҳои исороилӣ Туркияро тарк карданд

Матолиби пурбоздид