Рози пирӯзиҳои Яман
Шабакаи Алмасира дар наворе, қисмате аз суханони Сайид Абдулмалик Ҳусӣ, раҳбари Ансоруллоҳи Яман дар бораи розу рамзи пирӯзиро мунташир карда, ки бисёр шуниданӣ аст.
Ӯ мегӯяд:
“Ҳар чи мо аз назари адад зиёд бошем, ҳар чи имконоти мо зиёд бошад, ҳар чи пирӯзиҳои бештар дар майдон ба даст оварем, аммо ҳамеша бояд фақри (ниёзмандии) худамон ба Худоро эҳсос кунем.
Ин воқеият аст. Ин чизе нест, ки бихоҳем бо Худо таъоруф (муҷомила) кунем. Ин як ҳақиқат аст, ки: мо ҳеч чизе нестем ҷуз бо такя ба Худо.
Ва тамоми имконоте, ки дар ихтиёри мост, чизе нест ҷуз бо такя ба Худо Субҳонаҳу ва Таъоло.
Ин як ҳақиқат аст. Бояд ин ҳақиқат дар виҷдонҳоямон ва дар эҳсосоти мо ва дар аъмоқи вуҷуди мо бошад.
Ин ҳамон чизе аст, ки моро водор мекунад, то ҳамеша ба раҳмати Худованд чанг бизанем ва илтизом (пойбандӣ) ба роҳ ва манише, ки Худованд таъйин кардааст.
Ин ҳамон чизе аст, ки руҳи моро ва эҳсосоти моро поку солим нигаҳ медорад.
Бинобар ин, мо ҳамеша дар майдонҳои амал пеш меравем дар ҳоле, ки таваккули мо бар Худост.
Пас пеш хоҳем рафт бо таъйиди ӯ (Худованд), ба ёрии ӯ, бо пуштибонии ӯ ва боз бештар моро тамкин мекунад, бештар моро пуштибонӣ мекунад ва бештар моро ёрӣ мекунад.
Ин қазия бисёр муҳим аст. Хеле хеле хеле муҳим аст.
Барои ҳамин дар ҳар марҳила ба ҷилав (пеш) ҳаракат мекунем ва дар арсаҳо ва майдонҳо бештар пахш мешавем ва пирӯзиҳоро дар ин ҷо ва он ҷо ба даст меоварем.
Ва ба ин далел бояд наздикии мо ба Худованд, дар иртибот бо Худованд ҳар лаҳза бештар шавад.
Эҳсоси ниёзи бепоён ба Худованд”.
Қаламонлайн













