Нахустин иҷлоси вузарои кишварҳои Осиёи Миёна ва Эрон баргузор шуд

Нахустин иҷлоси вузарои кишварҳои Осиёи Миёна ва Эрон баргузор шуд

Дар ин иҷлос, вузарои кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Эрон ширкат намуданд ва мавзӯи аслии иҷлос, афзоиши тронзити колои кишварҳои Осиёи Миёна аз тариқи Эрон, то ҳаҷми 20 миллион тонна будааст.

Ҳадаф аз ин нишаст, ки дар Теҳрон баргузор шуд, эҷоди шароит барои вусъат бахшидан ба ҳамлу нақл ва тронзити коло байни кишварҳои ширкаткунанда буд.

Ба гуфтаи вазири эронӣ, яке аз муҳимтарин мавзӯоте, ки дар равобити Эрон бо кишварҳои Осиёи Миёна вуҷуд дорад, мавзӯи тронзит аст, ки дар иҷлоси Шонгҳой низ ҳамин мавзӯъ, байни руасои ҷумҳури ин кишварҳо мавриди таъкид қарор гирифтааст. Амини Турфаъ, вазири эронӣ инчунин ишора намуд, ки иҷлоси тронзити Эрон бо кишварҳои Осиёи Миёна, натиҷаи иҷлоси Шонгҳой мебошад.

Кишварҳои узви ин иҷлос, бар тавсиабахшии тронзит, яксонсозии таърифаҳои тронзитӣ ва судури визои яксолаи ронандагони тронзитӣ ба унвони бахше аз баёнияи иҷлос, ба имзо расонданд.

Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сарватҳои табиии Тоҷикистон
Авомили аслии бекорӣ ва муҳоҷирати корӣ дар Тоҷикистон кадомҳост?

Матолиби пурбоздид