Наҳҷулбалоға ва ибратҳои он

Адаб

Наҳҷулбалоға ва ибратҳои он

Бузургтарин айб

Бузургтарин айб он аст, ки чизеро, ки худ дорӣ бар дигарон айб шуморӣ! (Ҳикмати – 353).

***

Арзишҳои ахлоқӣ

Андеша, оинаи шаффоф ва ибрат аз ҳодисаҳо, тарсонандаи хайрхоҳ аст. Ва туро дар адаб кардани нафс ҳамон бас аст, ки аз он чӣ анҷом додани онро барои дигарон намеписандӣ, бипарҳезӣ. (Ҳикмати – 365).

***

Ҳамоҳангии илму амал

Илму амал пайванди наздик доранд, пас касе, ки донист, бояд амал кунад; чаро ки илм, амалро фаро хонад, агар ҷавобаш дод, мемонад вагарна меравад ( ва фаромўш мешавад). (Ҳикмати – 366) .

***

Ҳадафдории инсон ва зарурати тақво

Нақл кардаанд, ки Имом (алайҳис-салом) камтар бар минбаре менишаст, ки пеш аз суханронӣ ин иборатро нагўяд:

Эй мардум! Аз Худо битарсед, ҳеҷ кас беҳуда офарида нашудааст то ба бозӣ пардозад ва ўро ба ҳоли худ вонагузоштаанд, то худро саргарми корҳои беарзиш намояд ва дунёе, ки дар дидаҳо зебост ҷойгузини охират нашуд, ки онро зишт мепиндорад ва мағруре, ки дар дунё ба болотарин мақом расид, монанди касе нест, ки дар охират ба камтарин насибе расидааст. (Ҳикмати-370).

***

Арзишҳои волои ахлоқӣ

Ҳеҷ шарофате бартар аз Ислом ва ҳеҷ иззате гиромитар аз тақво ва ҳеҷ сангаре некўтар аз порсоӣ ва ҳеҷ шафоаткунандае корсозтар аз тавба ва ҳеҷ ганҷе бениёзкунандатар аз қаноат ва ҳеҷ моле дар фақрзудоӣ аз байнбарандатар аз ризоят додан ба рўзӣ нест. Ва касе, ки ба андозаи кифояти зиндагӣ аз дунё бардорад, ба осоиш даст ёбад ва осудахотир гардад дар ҳоле, ки дунёпарастӣ калиди душворӣ ва маркаби ранҷу гирифторист ва ҳирсварзӣ ва худбузургбинӣ ва ҳасодат сабаби бепарвоӣ дар гуноҳон аст ва бадӣ ҷомаи ҳамаи айбҳост. ( Ҳикмати – 371).

***

Арзиши сукут

Чизеро, ки намедонӣ, нагўй, балки ҳамаи он чиро, ки медонӣ низ нагўй, чун Худованди Бузург ба аъзои баданат чизҳоеро воҷиб кардааст, ки аз онҳо дар рўзи қиёмат бар зидди ту ҳуҷҷат меоварад. (Ҳикмати – 382).

***

Кўшиш дар итоату бандагӣ

Битарс, ки Худованд туро ба ҳангоми гуноҳонат бингарад ва дар тоати худ наёбад, онгоҳ аз зиёнкоронӣ. Ҳар гоҳ нерўманд шудӣ, тавонатро дар тоати Парвардигор ба кор гир ва ҳар гоҳ нотавон шудӣ, нотавониро дар нофармонии Худо қарор деҳ. (Ҳикмати – 383).

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Амалиёти муқовамати Фаластин дар қалби Исроил
Ифтитоҳи 40-умин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим дар Эрон

Матолиби пурбоздид