Чигунагии равобити Эрон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ
Умеди Раҳимӣ
Баъди ҳуҷуми Исроил ба Эрон равобити Теҳрон бо Душанбе ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ гуна хоҳад буд?
Вокуниши кишварҳои минтақа ба ҳуҷуми Исроилу Амрико ба Эрон дар таъйини рӯйкарди Теҳрон таъсир мегузорад
Ба қалами Умед Раҳимӣ, таҳлилгар ва коршиноси минтақаи Осиёи Марказӣ (ба нақл аз Asia-Plus)
Нимаи аввали ин моҳ, дақиқан 13-уми июни соли 2025, Исроил як таҷовузи густурда алайҳи Эронро оғоз кард ва бо посухи мушакии сангин мувоҷеҳ шуд. Дар идома, мудохилаи Амрико бо бомбборони яке аз марказҳои ҳастаии Эрон ҷангро печидатар кард, ки он низ бо ҳамлаи мушакии Теҳрон ба бузургтарин пойгоҳи ҳавоии Амрико дар Ховари Миёна дар Қатар посух гирифт. Ин даргирӣ метавонист ба як ҷанги васеъ ва бузургмиқёс табдил шавад, ки дар ниҳоят бо оташбас интиҳо ёфт ва сатҳи муноқишаҳои низомӣ коҳиш ёфт.
Ин ҷанги маҳдуди 12-рӯза агарчи хеле сареъ, ғайриқобили пешбинӣ ва бо таҳаввулоте бесобиқа шакл гирифт, аммо бо таъсироти амиқи фаротар аз он дар манотиқи перомуни Эрон ҳамроҳ хоҳад буд. Табиатан сиёсати хориҷӣ ва роҳбурдҳои амниятӣ ва дифоии Эрон пас аз ин ҷанг тағйири зиёде пайдо хоҳад кард, ки метавон дар Осиёи Марказӣ низ натиҷаҳои онро мушоҳида кард.
Яке аз мавзӯҳои бисёр муҳим ва калидӣ баъди шурӯъи ҷанг барои Эрон, вокуниши кишварҳои мухталиф, аз ҷумла давлатҳои Осиёи Марказӣ буд. Баёнияҳои расмии Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон ҳеҷ ишорае ба Исроил ва ё ба асли таҷовуз ба ҳокимияти Эрон надоштанд. Ӯзбекистон ҳам дар баёнияи худ танҳо ба мавзӯи таҷовуз бидуни ном бурдан аз Исроил ва маҳкумияти он басанда кард.
Тоҷикистон танҳо кишвар дар Осиёи Марказӣ буд, ки илова бар маҳкумияти шадиди ҳамлаи Исроил, ҳамлаи Амрико ба Эронро низ дар дуввумин баёнияи худ маҳкум кард. Чунин мавзеъ аз сӯи давлати Тоҷикистон дар канори ҳимоятҳои мардуми он дар ибрози ҳамдардӣ бо Эрон, таъсири бисёр амиқе дар нигоҳҳои ояндаи Эрон дар қиболи Осиёи Марказӣ ва равобити Теҳрону Душанбе хоҳад дошт.
Яке аз таҳаввулоти эҳтимолӣ, бознигарии Эрон дар равобити сиёсии худ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Ин бознигарӣ ҳатман ба маънои таниш нест, баръакс, наздикии бештар ва тавсеаи равобит хоҳад буд. Он чи, ки мантиқӣ ба назар мерасад, интизори ҳадди аққалии Эрон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, маҳкумияти асли таҷовуз ба сарзаминаш буд. Ин на танҳо дар ростои манофеи Эрон, балки ба ҳамон андоза дар чорчӯби манофеъи Осиёи Марказӣ низ қобили арзёбӣ аст. Ҳадафи аслии Исроил аз ҳамла ба Эрон, фурӯпошии давлат ва иҷрои сенарияи Суриясозии Эрон буд, ки дар ҳар ду ҳадаф шикаст хӯрд.
Амалигардонии ҳар ду сенария ба маънои афзоиши шадиди хатари амниятӣ дар марзҳои ҷанубии Осиёи Марказӣ ва зуҳури як конуни бесуботӣ дар ҳамсоягии ин минтақа аст. Дар айни ҳол, халалдор гардидани амнияти Эрон ба маънои масдудсозии яке аз беҳтарин масирҳои дастрасии амн ва осони Осиёи Марказӣ ба бандарҳои уқёнусӣ аст. Дар шароите, ки Русия таҳрим аст, Афғонистон ҳамчунон ноамн ба назар мерасад ва зарфияти долон тавассути баҳри Хазар чашмандози равшане надорад, ноамнӣ ва маҳдудият дар масири Эрон як таҳдиди бузург барои ояндаи Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Бинобар ин, амалигардии ҳадафҳо ва сенарияҳои Исроил метавонист зарбаи бузурге ба Осиёи Марказӣ бошад.
Яке аз паёмадҳои шароити ҷадид барои тавсеаи равобити сиёсӣ эҳтимолан пешниҳоди имтиёзҳои бештар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои истифода аз бандарҳои ҷанубии Эрон метавонад бошад. Ине, ки Амрико ва Исроил барои зарба задан ба ин зерсохтҳо ҳатто дар тӯли ҷанг иродае нишон надоданд гувоҳи он аст, ки ин бандарҳо аз амнияти болое бархӯрдоранд. Ҳамчунин Эрон дар раванди бозсозӣ пас аз ҷанг як рушди ҷиддӣ дар мубодилоти тиҷорӣ ва равобити иқтисодиро дар роҳбурди худ хоҳад гузошт.
Дар чунин шароите интизор меравад имтиёзоти вижае ба Тоҷикистон ироа шавад, бахусус дар бахши нақлиёт ва лоҷистикӣ. Ҳамчунин, интизор меравад дар шароити ҷадид ҳамкориҳои дифоӣ ва низомии Эрон ва Тоҷикистон беш аз пеш, аз ҷумла дар самти тавсеаи тавлиди паҳподҳо ва афзоиши зарфиятҳо ҷиҳати тавлиди наслҳои ҷадидтари он, тақвият ёбад.
Тавсеаи шарикии дифоӣ ва низомӣ дар канори тақвияти равобит дар ин ҳавза бо Чин, Русия ва эҳтимолан Покистон, яке аз роҳбурдҳои ҷадиди Эрон дар шароити нав хоҳад буд. Бо ин ҳол, ин рӯйкарди тавсеа бо мулоҳизоти минтақаӣ анҷом хоҳад гирифт.
Эрон ҳамчунин аз ин пас бо вуҷуди таҷрибаи таҳоҷуми низомӣ, ҳассосияти бештаре нисбат ба ҳаракатҳои Амрико ва Исроил дар Осиёи Марказӣ хоҳад дошт. Дар расонаҳои Эрон гузоришҳои тасдиқнашудае нашр шуд, ки нишон медиҳад, қаламрави Озарбойҷон барои ҳамла ба Эрон истифода шудааст. Яке аз ин нишонаҳо ёфтани махзанҳои сӯхти хориҷии ҷангандаҳо дар баҳри Хазар ва паҳподҳои Ҳоруп дар маркази Эрон аст. Ин паҳподҳо бурди 1000 километрӣ доранд ва пайдо шудани онҳо дар манотиқи марказии Эрон нишон медиҳад, ки онҳо аз кишварҳои ҳамсоя партоб шудаанд. Баъди ин, Эрон мехоҳад аз истифодаи қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ, махсусан Туркманистон ба ҳуҷум ба қаламраваш пешигирӣ кунад.
Ва ниҳоят, тақвияти шарикии амниятӣ ва дифоии Эрон бо Чин ва Русия аст. Аввалин сафари вазири дифои Эрон пас аз оташбас ба Чин анҷом шуд. Дар ҳамин ҳол, санади шарикии роҳбурдии Эрон ва Русия низ дар миёни ҳуҷуми Исроил ба Эрон дар парлумони Эрон тасвиб шуд. Русия ва Чин ҳамчунин баъд аз ҳамлаи мустақими Амрико ва Исроил ба таъсисоти ғайринизомии ҳастаии Эрон, ки таҳти назорати Оҷонси байналмилалии энерҷии ҳастаӣ буд, ҳароси бештаре аз такрори чунин рафтор дар сатҳи ҷаҳонӣ хоҳанд дошт. Чунин раванде метавонад тақвияти шарикии амниятӣ – дифоии Эрон бо Русия ва Чинро дар масоили минтақаӣ ва муштарак, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва махсусан дар заминаи мубориза бо терроризмро тақвият кунад. Тоҷикистон дар чунин тарҳе яке аз шарикҳои калидии Эрон дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд.
Asia-Plus
Қаламонлайн