Ҳикояти вазири оқил

Адаб

Ҳикояти вазири оқил

Подшоҳеро вазири оқиле буд, ки аз вазорат даст бардошт.

Подшоҳ аз дигар вазирон пурсид: Вазири оқили мо куҷост?

Гуфтанд: Аз вазорат даст бардошта ва ба ибодати Худо машғул шудааст.

Подшоҳ назди вазир рафт ва аз ӯ пурсид: Аз ман чӣ хатое дидаӣ, ки вазоратро тарк кардаӣ?

Гуфт: Аз панҷ сабаб: аввал он ки ту нишаста будӣ ва ман дар ҳузури ту истода мемондам. Акнун бандагии Худоеро мекунам, ки маро дар вақти намоз ҳукм бар нишастан мекунад!

Дуввум он ки ту таом мехӯрдӣ ва ман нигоҳ мекардам; акнун раззоқе пайдо кардаам, ки ӯ намехурад ва маро мехуронад.

Севвум, он ки ту хоб мекардӣ ва ман посбонӣ мекардам, акнун Худованд чунон аст, ки ҳаргиз намехобад ва маро посбонӣ мекунад!

Чаҳорум он ки ман метарсидам, агар ту бимирӣ, маро аз душманон осеб бирасад, акнун Худои ман чунон аст, ки ҳаргиз нахоҳад мурд ва маро аз душманон осебе нахоҳад расид.

Панҷум, он ки метарсидам, агар гуноҳе аз ман сар занад, маро афв накунӣ, акнун Худои ман чунон раҳим аст, ки ҳар рӯз сад гуноҳ мекунам ва ӯ маро мебахшад!

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Истиқболи Созмони Ҳамкории Исломӣ аз қатъномаи СММ дар бораи Фаластин
Чанд сухан аз бузургон

Матолиби пурбоздид