Ҷуз ба хирадманд мафармо амал

Адаб

Ҷуз ба хирадманд мафармо амал

Панди бисёр муҳимми Саъдӣ
Саъдӣ мӯътақид аст, мамлакат замоне зебост, ки хирадмандон дар он ҷойгоҳ дошта бошанд. Аз назари Саъдӣ, шоиста он аст, ки ҳоким назди хирадманд биёяд ва аз ӯ панд бигирад, на ин ки хирадманд ба даргоҳи ҳоким ва подшоҳ тақарруб ҷӯяду дар хидмати дарбор бошад.
Дар “Гулистон” мегӯяд:
Мулк аз хирадмандон ҷамол гирад ва дин аз парҳезгорон камол ёбад. Подшоҳон ба сӯҳбати хирадмандон аз он мӯҳтоҷтаранд, ки хирадмандон ба қурбати подшоҳон.
Пандам агар бишнавӣ, эй подшоҳ!
Дар ҳама олам беҳ аз ин панд нест.
Ҷуз ба хирадманд мафармо амал,
Гарчи амал кори хирадманд нест.
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Онон, ки гузаштаро ба хотир намеоваранд, маҳкум ба такрори онанд
Аввалин дараҷаи илм

Матолиби пурбоздид