Ҷанги бидуни ҷанг

Таҳлили хабарӣ

Ҷанги бидуни ҷанг

Азиз Сангин

Эрон устухонест, ки дар гулӯи Амрико дармонда: на метавонад фурӯ бибарад, на метавонад берун андозад…

Ҷанги дувоздаҳрӯза нишон дод, ки ҳеч кадом аз раҳбурдҳои ҷангҳои даҳ соли ахири Амрико – дар Ироқ, Афғонистон, Либӣ, Сурия, Судон, Сомалӣ, Венесуело, дар Эрон корсоз нестанд.

Эрон бо он жарфо ва паҳнаи ҷуғрофиёӣ, пуштвонаю пешинаи пур омӯзандаву дурахшони кишваркушоӣ ва кишвардорӣ, мардуме бо кӯлабори оганда аз ифтихороту дурахшандагии таърихию фарҳангӣ, ҳамбастагӣ ва оштинопазирӣ дар баробари душманони Эрон ва ниҳоятан, бо пешрафтҳои ҳайратангез дар бахши сохтусозӣ ҷангабзорҳои навини дифоӣ ва таҳоҷумӣ, тавонмандиҳои электруникӣ, сайберӣ ва ғ. бамаротиб барозандатар аз ҳама кишварҳои номбурда мебошад. Ин аст, ки Тромп ва дастаи моҷароҷӯяш дар сардаргумӣ ва гиҷии амиқ фурӯ рафтаанд. Ин боис шуда, ки Тромп дар баробари пурсишҳои хабарнигорон оид ба ваъдаҳои ҳамлааш ба Эрон, “мунтазир бошед, хоҳем омад!”, “мо дар роҳем!” “сарнавишти Модуро” ва ғайра, лолопепӣ мехонад, ҳарза мебофад. Шояд дар дилаш ҳазор бор лаънат мефиристад бар он рӯзе, ки ба васвасаи чолишбарангези моҷаро бо Эрон уфтод… Вале магар метавонист аз ин васваса доман тар накарда убур бикунад? Ҳаргиз! Зеро, вазъи рӯ ба харобии иқтисоди Амрико, уфти бесобиқаи қурби дулор, дасти ёзандаву кашандаву кушандаи аждари Чин дар бозорҳои ҷаҳонӣ, тулӯъи абарқудратҳои иқтисодии ҷадид, мисли Ҳинд, Бразил, Африқои Ҷанубӣ… ва билахира, ваъдаҳои пешазинтихоботии осмонии Тромп, аз қабили “Амрикоро аз нав бузург месозем!” ва ғ. ниёзмандии Амрикоро ба сарчашмаҳои дастнахӯрдаи даромади муфту арзон, ғорату балъидани қаламравҳои нав шиддат бахшида аст. Ва чаро Эрон, бо он густараи паҳновар ва саршор аз манобеъи табиӣ, захираи ҳангуфи нафту гоз, ҷойгоҳи беҳини ҷеополитикӣ ва имкони назорат бар гузаргоҳҳои муҳимми нақлиётӣ барои Тромп ва дастаи савдогараш васвасабарангез набошад? Беш аз он, бо таҳти сайтараи худ қарор додани Эрон, Амрико метавонист бар чанд аҳдофи кортамом ва истротеҷии дигар низ даст биёбад: як, дасти рақиби асосӣ ва хатарноки худ-Чинро аз нафти арзони Эрон ҷудо мекунад; ду, монеаи асосии густариши паймони Иброҳим дар минтақаро, ки Эрон бошад, аз миён мебардорад; се, дасти рақиби ҷидди дигараш- Русияро низ аз Ховари миёна ва расидан ба обҳои Ҳинд, қатъ месозад; чаҳор, бо назорат ба Эрон, амалан, тамомии гузаргоҳҳои тиҷоратии дунё, ба шумули Ҳурмуз, Бобулмандабро таҳти назорати худ мегирад ва бо ҳамин, пуружаи дар инзиво қарор додани Чину Русияро комил месозад ва абарқудрати дигари минтақавӣ- Ҳиндро низ аз ҳамкорӣ бо инҳо канор мезанад. … Оре, агар метавонист… Вале аз “матавонист” то тавонистан роҳест ба масофаи замин то осмон. Тромп ба ин воқеият пай бурда, ки ҳамла ба Эрон қиморест, ки эҳтимоли бохташ аз бурдаш хеле бештар аст ва дар сурати бохт, ба гуфтаи мо тоҷикон, каппаи Тромп дуд хоҳад кард. Бо ҳама оқибатҳое, ки ин “дуд” барои Амрико ба бор хоҳад овард: аз уфти дардноки эътибору ҳайсияти Амрико ҳамчун абарқудрати ҷаҳонӣ, рахт бастан аз бистари нарму бароҳати Ховари Миёна то фурӯпошии иқтисодию сиёсии кишвар.

Ончи масъаларо барои Тромп ва Амрико печида ва фурӯбаста мекунад, албата, дахолатҳо ва фишорҳои кушандаи ҷараёни саҳйунистии дохилӣ ва давлати рости ифротии Исроил аст. Пур рӯшан аст, ки бахусус дар ин мақтаъи замонӣ, манофеъи Амрико бо хостаҳои комилан фошистӣ ва моҷароҷӯёнаи Исроил сар намехурад. Дирӯз дидори ҳафтуми(!) Натанёҳу дар ин 13 моҳи ахир бо Тромп баргузор шуд. Ин бор дуздона ва авбошона аз дари ақиби Кохи сафед ворид гардид то Тромпро гӯшкашон ба ҷанги зидди Эрон бикашонад. Ин бор ё кунда мекафад ё табар мешиканад. Ё сару каллаи зарди Тромп аз Теҳрон дар хоҳад омад ё бинии дарози Натанёҳу заминро шудгор хоҳад кард… Роҳи дигари бурунрафт аз ин бунбаст тасаввур шуданӣ нест.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Номаи Нидо
Теҳрон; рӯнамоӣ аз мушаки Хайбаршикан-2

Матолиби пурбоздид