Нигоҳ аз равзанаи танги нажоду миллат
Агар қарор аст ба хотири рафтори ҳуккоми араб, тамоми арабҳоро зери суол барем …
Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ
Баъд аз истиқболи ончунонӣ аз Дунолд Тромп, раиси ҷумҳури Омрико дар кишварҳои халиҷӣ аз сӯйи ҳуккоми залилмурдаи арабӣ, як идда нажодпарасти бемордил аз тоҷикони худамон, ки ба ҳама чиз, бидуни истисно, аз равзанаи нажоду миллат нигоҳ мекунанд, як ҳафта аст, ки ин ҳаёҳу ва сару садо роҳ андохтаанд, ки: чаро мо, тоҷикҳо барои Фаластин косаҳое шудаем доғтар аз ош, дар ҳоле, ки худи арабҳо парвои бародарони фаластинии худро надоранд?!
Ва балки фаротар рафта ва ойини исломро зери суол мебаранд, ки чаро тоҷикони мо бештар аз худи аъроб ба ин ойин пойбанданд ва барояш ҷон мекананд, дар ҳоле, ки мутаъаллиқ ба аъроб аст?!
Ин ки Исломро зери суол мебаранд, бад-ин хотир аст, ки тараф, ки миллатгарост ва ба ҳама чиз рангу бӯйи миллату нажод додааст, гумон мекунад, ойини ислом чун оварандааш як араб аст, яъне ҳазрати Муҳаммад, пас ин дин, моли аъроб аст, на тоҷикҳо. Бояд амсоли Бен Зоид ва ё Бен Салмон ба он пойбанд бошанд, на тоҷикони мо! Тоҷикони мо бояд зардуштӣ бошанд, на мусалмон, чун Зардушт — ба гумони вай — ҳамнажоду ҳаммиллати худамон аст.
Ин, ғояти ҷаҳолат ва нодонӣ аст!
Инсон, ки нажодгаро мешудааст, ба қавли маъруф, зомбӣ мегардидааст. Нажодгароӣ ва миллатгароӣ мисли як айнаки рангин дар чашмони ӯ қарор мегирифтааст, ки ҳама чизро бидуни истисно ба ранги нажод ва миллат медидааст.
Барои як нажодгаро арзише моварои ранги пӯсту нажоду миллат вуҷуд надоштааст, ки мутааллиқ ба инсон — аз он назар, ки инсон аст, на аз он ҷиҳат, ки ба миллати муайяне та\аллуқ дорад — бошад.
Маҳол будааст, як нажодгаро ин ҳақиқатро дарк бикунад, ки арзишҳое дар ин дунё ҳаст, ки ба ҳамаи одамҳо аз он назар, ки инсонанд таъаллуқ дорад, аз ҷумла мактаб ва дин.
Оё як нажодпараст ин ҳақиқатро дарк мекунад, ки оварандаи ойини масеҳият ва дурусттараш, паёмбари дини масеҳият, як яҳудӣ аст, аз банӣ Исроил аст, яъне ҳазрати Исои Масеҳ, вале гаравандагони ӯ ҳама ғайри яҳуданд ва балки аҳаде аз яҳуд имрӯз пайрави ойини ҳазрати Масеҳ (а) нестанд?!
Медонед, чаро? Ба ин далел, ки дин ва ойин ва мактаб, мухотабаш инсон аст, на ягон миллат ва нажод. Алъон маҷолаш нест, вагарна бароятон оятҳои қуръонӣ ва ривоятҳои набавии зиёде меовардам, ки дар онҳо, аз аъроб бисёр интиқод ва балки тақбеҳ шуда ва ба ҷойи он, аз эрониҳо тамҷид ба амал омадааст. Ва ин нест магар ба ин далел, ки дин, ҳаргиз моли миллати муайяне набуда ва нест.
Барои як нажодгаро оё ин ҳақиқат қобили дарк аст?!
* * *
Наворе, ки ҳаст, мутааллиқ ба ҳамлаи теруристӣ ба зоирони ҳарами Шоҳчароғ дар Шерози Эрон дар яке ду сол пеш, ки аз сӯйи як ҷавони тоҷик сурат гирифта ва дар он, даҳҳо инсони бегуноҳ аз зану кӯдак шаҳид ва захмӣ шудаанд.
Агар қарор аст гуноҳ ва рафтори нобихрадонаи як инсонро ба гардани тамоми миллати ӯ бор кунем, дар он сурат, оё метавон гуфт, тамоми тоҷикҳо терурист ҳастанд мисли ҳамин ҷавони аблаҳ?!
Як нажодгаро инро мефаҳмад?!
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн